Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Маро турки нажод асло нагуед,
Наям туркизабон туркинишоне.
Маро мавлуд Бухорои шариф аст,
Аламбардори фарҳанги ҷаҳони.
Ман аслан Тоҷики олитаборам,
Падар Балхию Модар аз Бухорост.
Кашидам хориҳо аз дасти Маҳмуд,
Чи сон ғамхори ман гашти ба нохост?
Бухоро пойтахти Тоҷикон буд,
Шукуҳу шуҳраташ вирди забон буд.
Агар фарҳанги халқам то само рафт,
Забони модариям нардбон буд.
Ман аслан зодаи СОМОНИЁНАМ,
Ки бошад тухмам аз насли Зардушт.
Ба този гуфтанам хоси замон буд,
Маро Тоҷик бувад ҳафтоду ҳафт пушт.
Маро турки нажод асло нагуед,
Наям турки забон турки нишоне.
Яке фарзонаи кулли замонҳо,
Ба миллат ТОҶИК ҳастам ҷовидони!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев