Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Пас аз тӯфони Нӯҳ (ъ) ҳазрати Иброҳим (ъ) ҳамроҳ бо писараш Исмоил (ъ) онро дубора сохтанд. Пас аз сохта тамом кардан, нахуст худашон тавоф карданд ва бо дастури илоҳӣ инсонҳоро низ барои адои ҳаҷ фаро хонданд. Каъбаи муаззама барои ибодат, рукӯъ ва саҷдакунандагон макони бисёр покиза буд ва дар дохили он бут, ҳайкал ва мисли онҳо вуҷуд надошт. Аммо баъдҳо мушрикин бутҳоеро, ки парастиш мекарданд, бо дастҳои хеш дар онҷо ҷойгузин карданд. Зоироне, ки аз дуру наздик меомаданд, барои бутҳо ба қурбонӣ карданро оғоз карданд, ки ба ин тартиб амалҳои ширк интишор ёфтанд.
Каъбаи муаззама дар миёни аъроб ва касоне, ки қадру қимати онро медонистанд, ҷойгоҳи махсус дошт. Аз рӯзе, ки он хона бино шуд, инсонҳо аз дуру наздик ба зиёраташ меомаданд. Онҳое, ки барои зиёрати Каъбаи муаззама ба Маккаи мукаррама меомаданд, онҷо тиҷорат низ мекарданд. Аз он ҷое, ки дар Макка имкони кишти зироат набуд, бинобар ин корвонҳои тиҷоратӣ ба онҷо рафту омад доштанд. Бинобар ин, шаҳри Макка ба макони бисёр муҳими зиёратӣ ва тиҷоратӣ табдил гардида буд.
Ва чунонки волии Яман бо номи Абраҳа таҳаммули боло рафтани обрую эътибори Маккаро надошт, дар Санъо маъбади бузурге бино кард ва ба гирду атроф мунодӣ фиристоду гуфт: “Чаро инсонҳо Каъбаи аъробро зиёрат мекунанд? Минбаъд ба инҷо биёяанд ва ман аз эшон ба хубӣ пазироӣ мекунам”.
Арабҳо ва махсусан қабилаи Қурайш аз кори ӯ бисёр хашмгин шуданд. Чанд нафар аз Бани Канона ба маъбади Абраҳа омаданд ва ӯ аз инки онҳо бинои муқаддасашонро тарк карда, ба маъбади вай омада буданд, бисёр бо гармӣ аз онҳо истиқбол кард. Баъд аз пазироии муфассал онҳоро дар он маъбад меҳмон кард. Субҳ, ки Абраҳа аз вазъият огоҳ шуд, он қадар хашмгин шуд, ки ҳадду ҳисоб надошт. Аз ин рӯ, барои вайрон кардани Каъба лашкари азиме бо саворкорони фил муҳайё кард (идома дорад...).

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Абраҳа барои инки маъбадаш аз тарафи мардум истиқбол шавад, бо мақсади вайрон кардани Каъба ҳамроҳ бо лашкараш ба роҳ баромад ва вақте ба Тоиф расид, ба лашкар дастури истироҳат кардан дод. Яке аз раисонро ҳамроҳ бо чанд нафар аскар ба Макка фиристод. Вай ба маҳзи расидан ба Макка ҳайвонҳои онҷоро ба яғмо бурд, ки дар байни онҳо шутурҳои Абдулмутталиб, падарбузурги Расулуллоҳ (с) низ буданд.
Аз ин рӯ, Абдулмутталиб ба назди Абраҳа омад ва гуфт: “Шутурҳои маро, ки дар ҳоли чаридан буданд, соҳиб шудӣ. Омадам, ки онҳоро пас бигирам, шутурҳоямро ба ман бисупоред”.
Абраҳа гуфт: Пас фақат шутурҳоятро мехоҳӣ. Ман фикр кардам мехоҳӣ аз ман хоҳиш кунӣ, ки Каъбаро вайрон накунам”.
Абдулмутталиб гуфт: “Ман соҳиби шутурҳо ҳастам ва ононро мехоҳам. Аммо дар робита ба Каъба бояд гуфт, ки соҳиби он ҳазрати Аллоҳи мутаъол аст. Ӯ худ аз он ҳифозат хоҳад кард”.
Суханони ӯ бар Абраҳа бисёр таъсир кард, ҳатто ӯро ба ларза андохт ва фавран шутурҳоро баргардонд.
Абдулмутталиб шутурҳояшро гирифта б...Ещё(Давомаш)

Абдулмутталиб шутурҳояшро гирифта ба Каъба омад ва бо чашмҳои ашкбор чунин дуо кард: “Илоҳӣ! Мо қудрату тавони истодагӣ дар баробари Абраҳаро надорем. Соҳиби Каъба туӣ. Илоҳӣ, ту аз байти шарифат ҳифозат бикун”. Ва аҳли Маккаро чунин тасалло дод: “Соҳиби ин хона худаш аз он ҳифозат хоҳад кард, шумо натарсед”.
Абраҳа аз қароргоҳ ба роҳ афтод. Дар пеши лашкар бузургтарин фил ва дигар филу шутурон аз пас, мехост ба сӯи Каъба равон шавад, аммо филҳо ва шутурҳо аз ҷои худ намеҷунбиданд, вале агар онҳоро ба тарафи Шом, Яман ва Ироқ равона мекарданд, фавран ба роҳ мебаромаданд.
Дар ин асно, ки Абраҳа машғули равон кардани лашкараш ба сӯи Каъба буд, паррандаҳои бисёре бо номи Абобил пайдо шуданд. Ҳар кадоми онҳо ҳомили се санг дар чангол ва минқорашон буданд, ки бар сари лашкари Абраҳа меандохтанд. Бар асари он бисёре аз лашкари Абраҳа ба ҳалокат расиданд. Бақияи лашкар ба самти Яман ақибнишинӣ карданд. Абраҳа бо дидани чунин вазъият фирор карду ба қасри худ баргашт ва моҷароро ба аҳолии қаср таъриф кард. Аммо як паррандаи ланг дар таъқиби ӯ буд ва он парранда сангеро бар боли сари вай раҳо кард, ки бар асари он Абраҳа онҷо ба ҳалокат расид (идома дорад...).