Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
таърих ва одобу русуми он
Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ҷашнҳои тоҷикону ақвоми эронӣ буда, дар дарозтарин шаби сол ва аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад.
Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон ва ақвоми эронӣ буда, шаби 30-юми озар охирин рӯзи тирамоҳ мусодиф ба 21-уми декабр, дар дарозтарин шаби сол ва 1-уми моҳи дей, аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад. Ин шаб ба фалсафаи торикии аҳриманӣ ва рушании аҳуромаздоӣ низ гиреҳ хурдааст. Шаби ялдоро барои тақсимбандии рӯзҳои тобистонию зимистонӣ, барои кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил истифода мекарданд. Шаби ялдо бо рӯзгори кишоварзон ва офобу рушанӣ, гардиши офтобу замину табиат пайванд мехурад, зеро асоси зиндагии мардумон ба кишту кору замину обу ҳаво вобаста буд. Инчунин шаби ялдоро хур, хуррамрӯз низ гуянд. Тоҷикон ба ин шаб чилла мегӯянд, зеро он оғози чиллаи бузург аст, ки 40 рӯз давом мекунад ва бист руз баъд аз онро чиллаи хурдак мегӯянд.
Шаби ялдо аз ҷашнҳои бостонист, ки қидмати он ба 7000 сол пеш мерасад ва аз соли 502-и пеш аз милод дар замони салтанати Дориюши якум расман ҷашн гирифта мешудааст. Дар бораи маншаи милод ду назари мухталиф ҷой дорад: гурӯҳе онро барҷомонда аз милоди Масеҳ тавассути эрониён донистаанд, ки тибқи он дар қарни 4-и исавиён онро рӯзи таваллуди (25 декабр) Исо қарор додаанд; гуруҳе аз муҳаққиқон онро ба милоди Митро (Меҳр) ё Эзади Меҳр, ки дар аҳди бостон дар кеши меҳрпарастӣ роиҷ буд, рабт медиҳанд.
Донишмандони зиёде бар ин ақидаанд, ки мардуми ориёитабор дар аҳди бостон шаби охирини моҳи озару рӯзи аввали моҳи дайро ҳамчун зодрӯзи Меҳр (ё Митро) ҷашн мегирифтанд. Аз ҷумла, мутафаккири машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ ба мавҷуд будани ҷашне дар чунин айём ишора кардааст: «Даймоҳ ва онро «хурмоҳ» низ мегӯянд, нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ ҳарду ба номи… Ҳурмузд.. номида шуда… Ва гоҳе ин рӯзро «Навадрӯз» мегӯянд ва онро ид мегиранд, зеро миёни он ва Наврӯз навад рӯзи пурра аст.» [Берунӣ 1990, с. 246]. Мусташриқи маъруфи даниягӣ А. Кристенсен “Рӯзи аввали моҳи дайро, ки дар ҳисоби солшумории атиқ ид буда, “Хуррамрӯз” мегуфтаанд. Дар Хуррамрӯз шоҳаншоҳ аз тахт ба зер меомад, либоси сафед мепӯшид ва дар чамане бар фаршҳои сафед менишасту бори омм медод. Ҳар касе метавонист ба ҳузури ӯ дарояд… Он гоҳ шоҳ дар он рӯз чунин мегуфт: Ман имрӯз чун яке аз шумо ҳастам… қавоми ҷаҳон ба ободист, ки дар дасти шумост ва қавоми ободӣ ба подшоҳ аст. Ҳеҷ як аз ин ду аз дигаре бениёз натавонад буд.” [Кристенсен 1393, с. 254]. И.Пурдовуд бо истинод ба китоби “Ойини Митро”-и Б. Кумонт чунин мешуморад, ки дар фарҳанги бостонии мо ду ҷашни Меҳргон (Меҳргони меҳ ва Меҳргони кеҳ) вуҷуд дошт. Меҳргони кеҳро дар Руми қадим рӯзи 25-уми моҳи декабр, ки ҳамчун рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мешуд, ҷашн мегирифтанд ва онро рӯзи валодати хуршеди мағлубнашуданӣ (Sol Natals invicti) меномиданд. Ин ҷашн баъди нуфузи дини Исо дар Аврупо ба рӯзи таваллуди Масеҳ табдил меёбад [ниг. Яштҳо 1377, с. 399-400]. https://tajikpress.com/2025/12/21/%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b8-%d1%87%d0%b8%d0%bb%d0%bb%d0%b0-%d1%8f%d0%bb%d0%b4%d0%be-%d1%82%d0%b0%d1%8a%d1%80%d0%b8%d1%85-%d0%b2%d0%b0-%d0%be%d0%b4%d0%be%d0%b1%d1%83-%d1%80%d1%83%d1%81%d1%83%d0%bc/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев