Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
таҳлили стратегии ғорат дар Венесуэла
Суханони Трамп дар бораи нафти Венесуэла як лаҳзаи таърихӣ буд, зеро бевосита нишон дод, ки масъалаи аслӣ чист. Дигар ин мудохиларо наметавон бо вожаҳое чун кӯмаки башардӯстона ё ҳимоя аз мардум шарҳ дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, боздошт ва рабудани Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ наметавонад танҳо як таҳаввули амниятӣ ё ҳатто як буҳрони дипломатӣ дониста шавад.
Ин рӯйдод дар канори суханони ошкори Доналд Трамп амалан ба нуқтае табдил шуд, ки дар он бисёр пардаҳо канор рафтанд. Агар дар гузашта мудохилаҳои Амрико бо қабатҳое аз ибҳом ва вожагони дипломатӣ пӯшида мешуданд, ин бор раисиҷумҳури Амрико ба таври равшан аз нияти воқеӣ сухан гуфт. Ӯ ошкоро эълон кард, ки Амрико барои нафти Венесуэла вориди амал шудааст ва ин кишвар то замоне ки шароити “мувофиқ” фароҳам шавад, зери идораи Вашингтон хоҳад буд.
Трамп дар суханони худ на аз демократия, на аз ҳуқуқи башар ва на ҳатто аз интихобот ёд кард. Меҳвари аслии суханонаш нафт буд. Ӯ бо лаҳне, ки бештар ба як мудири ширкат шабоҳат дошт то ба раисиҷумҳури як кишваре, ки даъвои раҳбарии ҷаҳони озодро дорад, тавзеҳ дод, ки ширкатҳои бузурги нафтии Амрико вориди Венесуэла хоҳанд шуд, зерсохторҳои фарсударо таъмир мекунанд, нафт истихроҷ мекунанд ва хароҷоти амалиёти низомӣ низ аз ҳамин даромадҳо ҷуброн хоҳад шуд. Таъкиди ӯ бар ин нукта, ки ин амалиёт “ҳатто як сент” барои Амрико харҷ нахоҳад дошт, иқрори ошкор ба моҳияти иқтисодии ин мудохила буд. Дар ин чорчӯб Венесуэла на як кишвари мустақил, балки як манбаи молӣ таъриф шуд. https://tajikpress.com/2026/01/05/аз-ҳуқуқи-башар-то-бурҷҳои-нафтӣ-венес/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев