Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
майдони нави намоиши нажодпарастии ниҳодинашуда дар Амрико
Рафтори таҳқиромези маъмурони амниятии Амрико бо аъзои дастаҳои миллии футболи кишварҳо боиси интиқодҳои густурда аз нажодпарастӣ дар ин кишвар гардид.
Гузоришҳо ва наворҳои мунташиршуда аз тарзи бархӯрд бо аъзои дастаҳои миллии футболи Ӯзбекистон ва Сенегал ҳангоми вуруд ба Иёлоти Муттаҳида барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, мавҷи афзояндаи интиқодҳои байналмилалӣ ва хашми ҳаводоронро ба ҳамроҳ доштааст.
Мунтақидон мақомоти амниятии Амрико ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА)-ро ба анҷоми рафторҳои табъизомез ва таҳқиркунанда муттаҳам мекунанд.
Бар асоси шоҳидони айнӣ ва наворҳои сербинанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозигарони тими миллии Сенегал фавран пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳи Сан-Антонио маҷбур шуданд дар майдони парвоз бимонанд, то ҷомадонҳо ва ашёи шахсии онҳо аз тафтиши ҷисмонӣ ва амниятии шадид гузаронида шавад.
Дар ин тасвирҳо ситораҳои футболи Сенегал дида мешаванд, ки бо дастони кушода дар майдони фурудгоҳ истодаанд ва маъмурони амрикоӣ бо дастгоҳҳо онҳоро тафтиш мекунанд. https://tajikpress.com/2026/06/09/%d1%84%d1%83%d1%82%d0%b1%d0%be%d0%bb-%d0%bc%d0%b0%d0%b9%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b6%d0%be%d0%b4%d0%bf%d0%b0%d1%80/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев