Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
⬇⬇⬇⬇⬇⬇⬇⬇
💎Паёмбар (с) чунон буд, ки ҳамсуҳбаташ ӯро наздиктарин шахс ба худ медонист.
💎Паёмбар (с) бо касе рӯбарӯ мешуд аввал шуда салом мегуфт.
💎Паёмбар (с) ҳамеша ба зикри Худо буд.
💎Паёмбар (с) ҳаргиз аз чизе айбҷӯӣ намекард.
💎Паёмбар (с) ҳамнишинии бо фақиронро мекард.
💎Паёмбар (с) сахитарини мардумон буд.
💎Паёмбар (с) бар ҷоҳилон бурдбор буд.
💎Паёмбар (с) бар азиятҳо шакибо буд.
💎Паёмбар (с) аз дуруғгӯӣ нафрат дошт.
💎Барои Паёмбар (с) ҳамон амал беҳтар буд, ки бардавом агарчи кам бошад.
💎Паёмбар (с) дар намоз бо дигарон сабукгир ва дар танҳои намозаш ба дарозо мекашид.
💎Паёмбар (с)-ро агар кори хӯшоянде пеш меомад саҷдаи шукр мегузошт.
💎Паёмбар (с)-ро агар аз чизе хушаш намеомад, аз чеҳрааш шинохта мешуд.
💎Паёмбар (с)-ро аз коре хуш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳамаи неъматҳояш ситоиш бод, агар аз он бадаш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳар ҳол шукр.
💎Паёмбар (с) бо се ангушт луқма мебардошт, пас аз ғизо онҳоро лесида покашон месохт.
💎Паёмбар (с) рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо рӯза медошт.
💎Паёмбар (с) мегуфт: «Худоё ҳамон гуна, ки суратамро нек кардаи сиратамро нек кун»
💎Паёмбар (с) ҳамеша аз нифоқу бадбахтӣ ва бадахлоқӣ ба Худо паноҳ меҷуст.
💎Паёмбар (с) дар ҳар коре аз дасти рост шуруъ карданро дӯст медошт.
💎Паёмбар (с) чун сар ба бистар мегузошт кафи дасти росташро зери рухсораи росташ мегузошт.
💎Паёмбар (с) ҳаргиз таомеро бад намегуфт, агар аз он хушаш меомад мехурд ва агар не, онро мегузошт.
.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев