Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Давлати Ғазза хабар дод, ки режими саҳюнистӣ 738 бор оташбасро нақз карда ва дар ду моҳи гузашта аз созишномаи оташбас дар Ғазза боиси шаҳодати 386 фаластинӣ шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Дафтари иттилоотии давлати Ғазза эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ дар 60 рӯзи гузашта 738 мавриди нақзи оташбас анҷом додааст, ки ин амр навори Ғаззаро зери “муҳосираи нафасгиркунанда” нигоҳ доштааст.
Ин дафтар бо таъкид бар он ки сатҳи пойбандӣ ба банди башардӯстонаи созиш аз 38 дарсад бештар нашудааст, изҳор дошт, ки таҷовузҳои саҳюнистҳо дар бахши амниятӣ ва низомӣ боиси шаҳодати 386 фаластинӣ ва захмӣ шудани 980 тан гардидаанд. Илова бар ин, саҳюнистҳо 43 маврид боздошти ғайриқонунӣ дар дохили навори Ғазза анҷом додаанд. https://tajikpress.com/2025/12/10/%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b4%d0%b0%d1%82%d0%b8-386-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd%d3%a3-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d0%be%d1%82%d0%b0%d1%88%d0%b1%d0%b0%d1%81-%d0%b4%d0%b0/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев