Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Рамзи хосу пешаи пешини мост.
Бар дили мо раҳ надорад кинае,
Ин русуми синаи хушбини мост.
Бо ҳақорат мангарем бар айби кас,
Бурдборӣ меваи тамкини мост.
Синаи мо маскани сулҳ асту бас,
Душманӣ, дур аз сару ботини мост.
Хоки мо аз бедилу каҷдил барист,
Ҳамдилӣ, як одати дерини мост.
Эй Муродӣ, хуш ба ҳоли миллатам,
Ҷумла олам дар пайи таҳсини мост.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 27.06.2025

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев