Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
* Унвон: Халъи яди оли Саъуд аз пардадории Каъба; Авлавияти муҳимми ҷаҳони Ислом
----------------------
Як сол аз фоҷеъаи талхи инсонӣ дар саҳрои Мино мегузарад; Фоҷеъаи дарднок ва ғайри мунтазира ки хонаводаҳои қурбониёнро доғдор ва виҷдони умумӣ мусалмонон дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳонро ҷариҳадор намуд. Аммо ин фоҷеъа, гузашта аз талафоти ҷонии таъассуфбор ва мусибати сангине ки бар пайкари уммати Ислом ворид намуд, талангарӣ сахт ва ҳушдорӣ такондиҳанда барои ҷаҳони Ислом ва ҳовии дарсҳо ва ибратҳои муҳим барои ояндаи пеши рӯйи мусалмонон буд; Хусусан барои он даста аз мусалмонон ки то пеш аз ин ҳодисаи ҷонгудоз бо таъсирпазирӣ аз таблиғоти кизб ва илқоъоти ройиҷ, ҳокимони саъудиро «Оқои» ҷаҳони Ислом ва раҳбарони бо кифояти уммул қуро мепиндоштанд! Бо таваҷҷуҳ ба инки ало рағми мавозеъи шарурона ва иқдомоти фитнаангезонаи ҳокимони Саъудӣ дар чанд соли охир монанди тақвият, таҷҳиз ва пуштибонӣ аз ифротгароӣ дар минтақа, таҳкими равобит бо куффори ғарбӣ ва ахиран густариши равобит бо режими сеҳюнистӣ, эҷоди иттилофи низомӣ бо соири давли Арабӣ барои лашкаркашӣ ба Яман ва хунрезӣ ва вайронии бисёр дар ин кишвар, ташдидул таҳобот ва ихтилофоти мазҳабӣ ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1865/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев